ДУО ДАР ҲАҚҚИ СОҲИБМАЪРАКА БИДЪАТ НЕСТ

Борҳо шудааст, ки пайравони равияи салафия пас аз истеъмоли таом аз маъракаҳо бо ақидаи он ки дуо бидъат аст, баромада рафтаанд ва он нафаронеро, ки дар ҳаққи соҳиби маърака ва гузаштагони он хонадон дасти дуо мебардоштанд, ба бидъаткориву хатокорӣ гунаҳкор мекарданд.

ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ-САРФАРОЗИИ МАРДУМИ КИШВАР

Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ гуфта буданд: «Кишвари мо солҳои зиёд дар самти ҳалли яке аз масъалаҳои глобалӣ, яъне об ба сифати ташаббускор ва пешсафу фаъол дар ҷаҳон шинохта шудааст. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки моҳият ва аҳамияти ин иқдомро ҳамаҷониба тарғиб намоем»

ИЗҲОРОТИ РАЁСАТИ ШӮРОИ УЛАМО РОҶЕЪ БА ТАЪСИСИ «АНҶУМАНИ ОЗОДАНДЕШОНИ ТОҶИК» ДАР ХОРИҶИ КИШВАР

Бо таваҷҷуҳ ба хабари таъсис ёфтани як созмони нав бо унвони «Анҷумани озодандешони тоҷик» Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, вуҷуди чунин ниҳодеро, ки зери баёнияи он як гурӯҳ шахсиятҳои ба ном зиёӣ, аммо дар асл мубаллиғони афкору мулоҳизоти ба нафъи Тоҷикистони соҳибистиқлол мухолиф имзо гузоштаанд, намепазирад ва маҳкум мекунад.

АНҶУМАНИ “ЗИЁИЁН”-И ДАСИСАКОР БО ҒОЯҲОИ КУҲНАВУ АМАЛИШУДА

Нафароне, ки дар хориҷ аз кишвар истода, бо ташкили анҷуману ҳар гуна гурӯҳҳо даст ба тафриқаи ҷомеа мезананд ва худро  зиёӣ мехонанд, аслан ғуломони андешаву ғояҳои аҷнабиёнанд. Зеро ҳеҷ як зиёии асили инсонпарвару адолатхоҳ бар зидди давлату ҳукумату миллати худ «Анҷуман» ташикил намекунад

ҶАШНИ САДА ИХТИЛОФЕ БО ШАРИАТ НАДОРАД!

Ҷашни Сада ҷашни қадимаи мардумӣ буда, ба масоили эътиқодӣ алоқаманд нест. Яъне таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам (рҳ) ҷашн гирифтани чунин ҷашнвораҳоро манъ накардааст, зеро сароҳатан дар Қуръон ва суннат манъи чунин ҷашнвораҳо аз ҷониби шаръ ворид нашудааст.

ВАҚТЕ БА ГУРГ ЛИБОСИ САГИ ВАФОДОР МЕПӮШОНЕМ...

Чи тавре ки дар боло доир ба мақосиди ҲНИТ баён гардид, ин анҷумани навтаъсисе, ки зери унвони “Анҷумани озодандешони тоҷик” ба вуҷуд омадааст, ба назари банда танҳо ивази ном кардаасту бас, на амал. Аммо як нуктаро бояд тазаккур дод, ки агар дар сари гург либоси (пӯсти) сагро пӯшонем, он саги бовафо шуда наметавонад, зеро асли он гургзода аст.

БО ДУОИ КӮРМУШ ҲАРГИЗ БОРОН НАМЕБОРАД

Ин кӯрнамакҳо давлатеро, ки ҳамтояшро ҷаҳон надидааст, эътироф накарда, афкори бардурӯғ ва фитнаангези худро бар сари миллати куҳанбунёди тоҷик ва давлати соҳибистиқлолу озоди мо паҳн намуда истодаанд.

Страницы