ВАҚТЕ ҒУЛОМИ НАФС ДАЪВОИ ВАТАНДОРӢ МЕКУНАД!

  • Posted on: 12 October 2018
  • By: admin

Илҳом Ёқубов, як нафари фирефташуда ва хоин, бозичаи дасти ТЭТ ҲНИ гардидааст ва мо андешаҳои бебунёди ӯро, ки тавассути баромади худ дар ҳамоиши САҲА иброз дошт, маҳкум менамоем. 
Дар адабиёти шифоҳии мардуми тоҷик гуфтаест, ба ин маъно: «Ҳар касе аз гузаштаи худ ибрат намегирад, инсон нест». Воқеан, бархе одамонро ғунҷоиши хотираашон он қадар маҳдуд аст, ки ҳама чизро зуд ба боди фаромӯшӣ медиҳанд. Ҳатто бадтарин гуноҳ, сангинтарин хиёнат ва хунбортарин рӯзҳоро… Вагарна кадом марде баъд аз қудратталабиву тафриқаандозӣ ва хиёнатҳои пай дар пай ба Ватан, боз дар рӯзҳои баргузории ҷаласаи САҲА дар Варшава, дар назди миллату халқиятҳои бегона метавонад обрӯи давлату миллати хешро паст занад?
Ба рӯй пӯсти хеле ғафс аз бешармию беҳаёӣ бояд кашид, то Ватан ва миллати худро бифрӯшӣ ва обрӯву нуфузи онро пеши ҷомеаи ҷаҳонӣ бирезӣ. 
Аз бесаводии Илҳом Ёқубов ТЭТ ҲНИ ва хоҷагони хориҷиаш истифода бурда, ӯро бо ваъдаҳои калон ба доми худ кашидаанд. Зеро Илҳом Ёқубови савдогар пеш аз ҳама ғуломи нафс аст. Вай бо мошинҷаллобӣ машғул буда, аз давлатҳои Аврупо мошинҳоро бо нархи арзон харида, тавассути миёнаравҳои худ дар Тоҷикистон ба фурӯш мемонад. Барои вай кишвар ва хонаву дар ягон моҳият надоранд. Агар заррае дар дили ӯ ҳисси  ватандӯстӣ ва бунёдкориву созандагии  Тоҷикистони азиз    вуҷуд медошт, ҳаёти худро дар ғарибӣ нагузаронда, дар кишвари худ кори ҳалол мекард. Лек, барои ӯ хизмат ба хоҷаи худ, аз нони ҳалол болотар меистад.
Ғ. САНАВВАРОВ, 
мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнати ДДҲБСТ