ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

Аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ расо 25 сол сипарӣ гашт.  Имрӯз он рӯзҳоро пеши назар оварда, ҳақиқатан тақдир соз будани он иҷлосияро тасдик менамоем. Зеро,  баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ вазъияти мурракабу хавфнок ба миён омада, хатари аз байн рафтани давлати тоҷикон ва парокандагардии миллати тоҷик  моро таҳдид мекард. Пӯшида нест,ки аз ҷониби баъзе кишварҳои хориҷӣ нақшаҳои ба қисматҳо тақсим намудану ба қаламравӣ кишварҳои хеш зам намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ шуда буд. Соли 1991аз бесарусомониҳо истифода бурда, ба колхозу савхозҳо ва ноҳияҳои қисми ҷанубии онвақтаи кишварамон номҳои роҳбарони кишварҳои хориҷиро гузошта, рӯирост он заминҳоро тобеи он кишвари хориҷӣ меҳисобиданд. Баъди истиқлолият ба даст овардани кишвар аз вазъи ноором истифода бурда, ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ аз пинҳонкорӣ баромада, роҳбарону фаъолони ин ҳизби манфур саъю кӯшиш ба харҷ доданд, то Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ба лухтаки кишвари ҳамсоя табдил дода, мазҳаби  бегонаро  ба мардуми тоҷик  таҳмил намоянд. Ҳадафҳои мазкур баъди воқеаҳои хунини  моҳи сентябри соли 2015 бо сарварии Абдуҳалим Назарзода дар натиҷаи маводи аз назҳатиён ба дастомада ифшо гардид.

Замоне, буд, ки дар зарфи як сол ду Президенти кишварва панҷ Ҳукумат маҷбурӣ ба истеъфо фиристонида шудан, дар кишвар беқонуниву бенизомӣ ҳукмрон буда, корхонаҳо талаву тороҷ шуда, таҷҳизоти қимматбаҳо  ба хориҷ  интиқол мешуданд. Дар чунин як шароити душвор, расо 25 сол қабл дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд  Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ баргузор гардида, дар он  ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид.

25 соли сипаригашта нишон дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат,Пешвои миллат аз рӯзҳои аввал зимоми роҳбарии кишварро ба даст гирифта, тавонист равшанфикрону фидоиёни миллатро дар атрофии худ муттаҳид намуда, гурезаҳои тоҷикро ба Ватан баргардонда, кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун бароварад ва ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшад. Кишвари дар натиҷаи ҷанги таҳмилӣ харобгаштаро ба як давлати пешқадам табдил дода, сулҳу ваҳдати миллиро барқарор намояд. Натиҷаи ин сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат,Пешвои миллат аст, ки Тоҷикистон дар байни дигар кишвариҳо соҳиби мақоми арзандае гардида, гул-гул шукуфт.

Наҷмиддин Салимов,

сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумита