РӮҲОНИЁНИ ПОКИСТОН ҲАМЛАИ МАРГТАЛАБОНА (ИНТИҲОРӢ) - РО РАСМАН ҲАРОМ ВА ЗИДДИСЛОМӢ ЭЪЛОН КАРДАНД

  • Posted on: 17 January 2018
  • By: admin

Беш 1 800 рӯҳонии Покистон, аз ҷараёнҳои мухталифи исломӣ, бо нашри як фатво ҳамлаи интиҳориро "амали ғайриисломӣ" эълон карданд. Ин рӯҳониён гуфтаанд, ки аз рӯи таълимоти Ислом бомбагузории интиҳорӣ мамнуъ ва "ҳаром" аст. Фатвои рӯҳониён рӯзи 16 январ дар як китоб аз ҷониби президенти Покистон Мамнун Ҳусейн ва Донишгоҳи Давлатии Исломӣ муаррифӣ шуд. Ҳусейн дар ин китоб навиштааст, ки ин фатво "пояи қавии эътидолро дар як ҷомеаи исломӣ таъмин мекунад".

P.S: Ин кор бояд солҳо пеш анҷом мешуд. Вале мутаассифона, уламои исломӣ дар ҷаҳон муддати зиёде дар ташхиси ин гуна амалҳо дучори тазалзул шуданд, ки ин ба тамаъварзии баъзе давлатҳои исломӣ ва нигоҳи дугонаи онҳо ба масъалаи терроризм марбут мешуд. Ин намои дигаре аз ҳамон стандарти дугонаи олами ғайриисломӣ нисбат ба терроризм аст, ки ҳамакнун дар ҷаҳон бедод мекунад... Намедонам, уламои муҳтарами исломӣ сукути даҳсолаашонро чӣ гуна ҷуброн мекарда бошанд, вале агар ҳамин фатвои тиллоии дерҳангом низ таъсире ба коҳиши амалҳои интиҳорӣ гузорад, ҷои шукраш боқист. 
Ва минал лоҳит тавфиқ.

Абдуғаффори Камол,

таҳлилгар