ҚОНУНИ ФАРОГИРИ МЕЪЁРҲОИ ШАРИАТ

  • Posted on: 1 February 2018
  • By: admin

Дар ҳақиқат солҳои тӯлонӣ сокинони ин сарзамин, пойбанди амалҳое буданд, ки оқибати кардаашон  ғайр аз исрофкориву худнамоӣ чизи дигаре набуд. Дороии зиёдеро дар ҷашни арӯсӣ, хатнасуру маросимҳои дафну азодорӣ харҷ намуда, дар охир сарсону саргардон мемонданд.

Ҳолати аз ҳама муҳим ва муассир маросими дафну азодорӣ буд, ки шурӯъ намуда аз лаҳзаи фавти инсон то ба чилу сол аҳли хонавода ва наздикони майит ба мусибат болои мусибат дучор мегардиданд.

Ҳамаи ҳаматанони мо то ба андозае фикр мекарданд, ки ҳамаи ин амалҳои гарону сангине, ки анҷом доданашонро барои худ ва наслҳои оянда қарзу фарз мепиндоштанд, дастуроти дини мубини ислом аст.

Дар ҳоле ки дини ислом, ҳаргиз болои пайравонаш машаққат ва сахтиро таклиф накарда, дастур ҳам надодааст. Ҳатто баъзе ходимони дин ҳам, аз ҷаҳолат ва нодонӣ дар умури динӣ сӯистифода намуда, пеши ин исрофкорӣ ва хайру садақоте, ки ҳаққи ятимон, мискину бечорагон асту ба мустаҳиқинашон намерасад, намегирифтанд.

Маърифату ҷавонмардӣ, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатамон сабаб гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ва мардум аз он ба хубӣ истиқбол намуданд.

Беш аз даҳ сол ин ҷониб, мардуми кишвар мутобиқи ин қонуни батасвибрасида амал намуда, ба натиҷаҳои волои зиндагӣ расиданд. Ҳоло ба хубӣ маълум мегардад, ки ин иқдоми Пешвои миллат як амри басо ногузориз ва саривақтие буд, ки ҳамаи дастуроти шариатӣ ва умуман инсониро фарогир мебошад.

Амриддин БОБОЕВ,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ҷамоати М. Турсунзодаи ш.Ҳисор