АМАЛҲОИ НЕКИ ЯК МУСУЛМОН (№1)

  • Posted on: 7 February 2018
  • By: admin

Имрӯз ҳар фарди тоҷикистонӣ бояд шукронаи Худои мутаолро  кунад, ки дар ватани мо неъмати сулҳу суботро арзонӣ доштааст.  Бо истифода аз ин неъматҳои илоҳӣ моро мебояд дар роҳи рушду шукуфоии сарзамини аҷдодӣ   саҳмгузор бошем. Аз ҷумла, бо аз худ намудани илмҳои замонавӣ тавонем рушди ҷомеаро таъмин намоем. Чаҳор нуқтае, ки дар ин муқаддима ишораву баррасӣ мешавад, аз як ҷониб аз аркони муҳим ва асосии дини ислом маҳсуб мешавад ва аз тарафи дигар ба мавзӯҳое, ки дар ин рисола мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, иртиботи қавӣ доранд.  Омӯзиши илм. Аслан, ҷойгоҳи илм ва дониш дар дини ислом баланд аст. Аввалин каломи илоҳӣ бо лафзи “Иқраъ”- “Бихон” оғоз ёфтааст ва бояд гуфт, ки ягон китоби осмонӣ аз ҷумла Таврот, Инҷил ва Забур бо ин хитоб оғоз наёфтааст. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки ҳар касе аз моҳияти “Иқраъ” бехабар аст, пас маълум мегардад, ки аз асосҳои дини ислом ғофил аст. Яъне дини мубини ислом илмҳоро ба шаръӣ ва ухравӣ ҷудо накардааст ва омўзиши ҳама илмҳоро фарз гардонидааст. Моро зарур аст, ки ин фармударо сармашќи кори худ гардонида, худ ва фарзандонамонро ба омўзиши илм сафарбар намоем. Дар таъмини шароити муносиб, хариди сару либос, китобу дафтар барои фарзанд ва дастгирии таъмири мактабу синфхона кӯтоҳӣ накунем. Беҳтарин сармоягузорӣ, ки самараи неки онро дар дами пирӣ метавон умедвор шавем, ин тарбияи фарзанди солеҳ мебошад. Мутаассифона, баъзе аз ҳамватанон аз сабаби дуруст дарк накардани маъниву муҳтавои оятҳои қуръонӣ, ба баргузории маъракаҳои паёпайи азодорӣ саргарм гардида, онро фармудаҳои қуръонӣ маънидод мекунанд, ки куллан ин фаҳмиш ѓалат аст. Аммо дар асл Қуръон ва таълимоти поки он дар мадди аввал барои шахсони зинда аст, то онро хонанд, мутобиқи муқаррароти он амал кунанд ва соҳиби хушбахтии дунё ва охират гарданд, зеро мақсади асосии дини ислом саодат ва хушбахтии инсоният мебошад. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки дини ислом тарғибгари беҳтарин ғояҳои инсондӯстиву маърифат ва покию некӣ мебошад. Ахлоқи накў. Яке аз ҳадафҳои дигари дини ислом таълими ахлоқи накў миёни инсонҳо буда, шариати исломӣ пайваста чунин амалҳоро тарғиб менамояд. Бешак, оятҳои қуръонӣ ва аҳодиси набавии зиёде дар робита ба тарғиби ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла, Пайғамбар (с) фармудаанд: “Худованд манро аз барои комил гардонидани ахлоқи накў фиристодааст”. Инчунин дар ҳадиси дигар фармудаанд: “Аз ҳама шахси дӯстдоштатарин ва наздиктарин дар рӯзи қиёмат бо ман соҳиби ахлоқи накў мебошад” (ривояти Тирмизӣ). Дар ҳадиси саҳеҳи дигаре омадааст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: “Худованд соҳибони ахлоқи накўро дар болотарин мавқеъҳои ҷаннат менишонад”. Зимнан, маънои ахлоқ дар одатҳо, муошират ва муомилаи шахсе ҳангоми муносибат бо атрофиён зоҳиру маълум мегардад. Муомилаи нек дар гуфтор, рафтор ва амал метавонад шахсро маъруф ва маҳбуб гардонад. Сулҳу амният. Дини ислом дини сулҳу осоишта аст ва одамонро ба сулҳу осоиштагӣ ва якдигарфаҳмӣ даъват мекунад. Чи тавре, ки ин гуфтаро Худованд дар сураи Нисо, ояти 128 таъкид карда фармудааст: “ ... ва сулҳ аз амалҳои беҳтарин мебошад...”. Дастури илоҳист, ки инсонҳо бояд дар ҳолати нофаҳмиҳо ва низоъҳо миёни ҳамдигар сулҳро пойдор  гардонанд. Чунончи дар ояти 10уми сураи Ҳуҷурот омадааст: “ Ҷуз ин нест, ки муъминон бародарони якдигаранд, пас, миёни ду бародари хеш сулҳ кунед”. Ақл низ далолати онро дорад, ки бидуни сулҳ амалҳо, ҳадафҳо ва хушбахтии инсоният ҷомаи амал намепӯшад ва дар амал низ ба вуқуъ намепайвандад. Мо худ шоҳиди ҳол ҳастем, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ваќте, ки касе амнияти дигареро зомин набуд, на тоат буду на ибодат, ҳама дар талвосаи ҷони худ буданд. Набояд фаромўш созем, ки  феълан бо шарофати тинҷию амонӣ дарҳои масоҷид бозанд ва ҳамасола ҳазорҳо шаҳрвандон ба зиёрати хонаи Худо мушарраф мегарданд. Муҳаббат нисбати ҳамдигар. Аз назари дини мубини ислом муҳаббат бештарин нақшро дар ҷомеаи инсонӣ дорад. Мулоҳизаи оёту ривоёт ба равшанӣ исбот мекунад, ки ҷомеаи матлуби инсонӣ дар ислом ҷомеае аст, ки бар асоси муҳаббати мардум нисбат ба якдигар шакл бигирад. Ислом тарғибгари ҷомеа аст, ки ҳамаи мардум худро бародари якдигар бидонанд ва то сарҳади исор нисбат ба ҳам муҳаббат варзанд аз он лиҳоз, ки ҳеҷ чиз монанди муҳаббат дар созмон додани ҷомеаи дилхоҳи инсонӣ корсоз нест. Бар гуфтаҳои фавқуззикр ояти 9-уми сураи Ҳашр метавонад беҳтарин далел бошад. Муҳаббат муассиртарин унсури парвариши инсонҳои шоиста ва кароматтарин василаи пешбурди ҳадафҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ аст. Бузурге гуфтааст: Ҳеҷ чиз монанди муҳаббат ширин нест. Муҳаббат ба қадре ширин аст, ки ҳама талхиҳои зиндагиро бо кумаки он метавон ширин кард. Дар “Насиҳатнома”-и Имоми Аъзам ба фарзандаш Ҳаммод омадааст, ки ба панҷ ҳадисе, ки аз миёни панҷсад ҳазор ҳадис ихтиёр кардаас, амал кардан лозим аст: 1. Пайғамбар фармудаанд: “Амалҳо ба ниятҳо вобастаанд ва подоши ҳар шахсе бар асоси нияти вай мебошад”  (ривояти Бухорӣ ва Муслим). 2. “Яке аз нишонаҳои диндорӣ ва зебогии инсон аз нигоҳи ислом он аст, ки амалҳои бефоида ва амалҳоеро, ки ба ӯ дахл надоранд, тарк намояд” (ривояти Тирмизӣ ва ибни Боҷа). 3. “Ҳеҷ кадоме аз шумо ба камоли имон намерасад, то он ки барои бародараш низ ҳамон чизеро дӯст дорад, ки барои худаш дӯст медорад” (ривояти Бухорӣ ва Муслим). 4. “Ҳалол ва ҳаром ошкор ва маълум ҳастанд...” (ривояти Бухорӣ ва Муслим). 5. “Мусалмони комил ва воқеӣ касе аст, ки мусалмонони дигар аз забон ва дасти ӯ солим бимонанд” (ривояти Бухорӣ ва Муслим). Агар ба ҳадисҳои интихобнамудаи Имоми Аъзам тааммул намоем, ба хулосае мерасем, ки ҳадисҳои мазкур бештари аҳкоми дини исломро фаро гирифта, дар самти густариши меҳру муҳаббат, сулҳу субот, ахлоқи накў ва омӯхтани илм далолати ошкоро дошта, ба ҳамаи мавзӯҳои интихобнамуда дар ин рисола иртиботи мустақим дорад. Ба маврид мебошад зикр намоем, ки танҳо дар даврони Истиќлолияти давлатии ватани маҳбубамон Тоҷикистон имкониятҳои муносиб барои амалӣ намудани эътиќодҳои динӣ фароҳам омад. Танҳо бо шукргузорӣ аз ин неъматҳои Худовандии ба мисли тинҷӣ, оромӣ, ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, сарҷамъӣ ва амсоли он мо метавонем ба ќуллаҳои мурод баҳри ободии кишварамон бирасем. (идома дорад...)

Муслиҳиддин Хоҷамиров,

мутахассиси пешбари Кумита