ВАҚТЕ БА ГУРГ ЛИБОСИ САГИ ВАФОДОР МЕПӮШОНЕМ...

Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст, мушкилоти терроризму экстремизм мебошад. Яке аз ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ҲНИТ мебошад, ки дар соли 2015 бо роҳи ошӯби ҳарбӣ табаддулоти давлатӣ кардан мехост. Бояд гуфт, ки ҲНИТ аз ибтидои фаъолияташ, аз солҳои 90-ум дар талоши ҳокимият бо роҳи табаддулоту зӯроварӣ буд. Ба ин мақсад роҳбаронаш аз ягон роҳу восита истиҳола намекарданд. Аз ҷумла, бо роҳи тасарруфкунӣ дар ҷомеа ба амалҳои террористиву экстремистӣ даст заданд. Воқеан ҳам, ҷомеае, ки на бо иродаи халқ, балки ба зӯри шиканҷа ва зарби силоҳ бунёд карда мешавад ва дар он баробарҳуқуқии ҷинсию нажодӣ фароҳам намеояд, давлат номидан номумкин ва исломи он ҷомеаро низ исломи воқеӣ номидан хатост. Зеро амалҳое чун куштор, таркиш, харобкорӣ, асир гирифтан ва монанди ин ба ҳеҷ як аз суннати дини мубини ислом ва фарҳанги миллии тоҷик созгор нест. Зеро дини ислом худ ҷонибдори сулҳу субот ва амният аст, инчунин мардуми тоҷик аз қадимулайём мардуми созанда ва бунёдкор арзи ҳастӣ кардаанд, на сӯзанда ва кушанда.

Ҳар ҳизбу созмон бо нияти ташаккул ва пешравии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин хидмат ба Ватану миллат ва дар асоси садоқату посдории муқаддасоти миллӣ ташкил мешавад, вале дар асл созмондиҳандагони онҳо ба хотири ба даст овардани манфиатҳои хеш ва соҳиб шудани ҳокимият дар сар орзуву ҳавасҳоеро мепарваранд. Бархе аз онҳо содиқона ба гуфтаҳояшон собит мемонанд ва қисмати дигари онҳо, ки ба дасти бегонагон идора ва маблағгузорӣ мешаванд, дар андак замон чеҳраи аслии онҳо кушода ва нияти шумашон ошкор мегардад.

Чи тавре ки дар боло доир ба мақосиди ҲНИТ баён гардид, ин анҷумани навтаъсисе, ки зери унвони “Анҷумани озодандешони тоҷик” ба вуҷуд омадааст, ба назари банда танҳо ивази ном кардаасту бас, на амал. Аммо як нуктаро бояд тазаккур дод, ки агар дар сари гург либоси (пӯсти) сагро пӯшонем, он саги бовафо шуда наметавонад, зеро асли он гургзода аст. Бинобар ин, ин анҷумани навтаъсис, ки даъвои адолату озодӣ, ҷонибдорӣ аз ҳуқуқи аксари мардум ва ҳимоя аз ҳуқуқи тоҷикистониёнро шиори худ қарор додааст, ҳеҷ асос надорад, зеро имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат дар як муҳити сулҳу оромӣ, қадам ба қадам чиҳати ривоҷу равнақи кишвар камари ҳиммат бастаанд.

Ин ниҳоди навбунёд ба монанди ҳамон ҳизбу ҳаракатҳои мардумӣ ва диние мебошад, ки барои ҳадафҳои беарзиши худ мехоҳанд ҷомеаи ороми моро халалдор кунанд, вале бехабар аз заҳматҳои фарзандони сарсупурдаи миллату давлат, ки барои Тоҷикистони навин чӣ дар илму фарҳанг ва чӣ дар иқтисоду сиёсат ва иҷтимоиёт миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд. Бинобар ин, имрӯз Тоҷикистону тоҷикистониён ба ин гуна аҳзобу анҷуманҳои фитнаангез эҳтиёҷ надоранд.

Акрамов Н., Пиров М.,

устодони кафедраи фалсафа ва илмҳои ҷамъиятии

Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа