ЗӮРОВАРӢ АЛАЙҲИ ФАРЗАНД ЯК ШАКЛИ ТАРБИЯ?

  • Posted on: 6 April 2018
  • By: admin

Муҳимтарин вазифаи волидон таълим ва тарбияи фарзандон аст. Ба ҷиҳати назофату покӣ, иффат ва истиқомати ҷомеа, нақши модар дар боби тарбияи фарзандон ва ба воя расонидани насли неруманду солим муассир ва салоҳу истиқомати ҷомеа ва саодати афрод ба он вобаста мебошад, ки гувоҳи нақши меҳварӣ доштани мавқеи зан дар маркази доираи иҷтимоъ аст. Аз сӯи дигар, тарбияи дурусти фарзандон дар ҳаёти минбаъдаи хонадон аҳамияти махсус дорад, ки бисёре аз изтироботи фикрӣ, парешонии аҳли хонадон ба иллати хуб ба роҳ намондани тарбияи онон мебошад. Ҳамчунин фарзандон бар падару модар ҳуқуқ доранд. Падарро нашояд, ки фарзандонро зоеъ намояд, дар тарбияи онҳо сустӣ ва тасоҳул намояд ва ба масолеҳи онҳо қоим набошад. То ҷое, ки агар байни падару модар ҳамдигарнофаҳмӣ бошад, ҳаққи фарзандон ҳаргиз ва ба ҳеҷ ваҷҳ соқит нагардад. Масъулияти фарзандонро бояд азим шуморид, зеро фарзанд амонати Худои таолост назди падару модар ва Худованд адои ҳуқуқи ин амонатро дар маҷмааи қиёмат дархост хоҳад кард:

Эй мӯъминон, хештан ва аҳли хонаи худро аз оташе, ки оташафрӯзи он мардум ва сангҳо(бутҳо)бошанд, нигоҳ доред! Фариштагони дуруштхӯ,сахтрӯ ба он оташ муваккаланд, Худоро дар он чӣ ба онҳо фармудааст, нофаромонӣ намекунанд ва он чиро мекунанд, ки ба онҳо ҳукм мешавад.(Сураи Таҳрим, ояти 6).

Расули акрам (с) мефармоянд:

Ҳаққи фарзанд бар падар он аст, ки ба ӯ номи нек биниҳад ва набиштан омӯзад ва чун ба балоғат расад, ӯро хонадор намояд.

Ё худ дар ҳадиси дигар мефармояд:

Падар ба фарзанд аз одоб беҳтар чиз набахшидааст.

Агар падару модар ва устод аз аҳли хайру салоҳ бошанд ва фарзанд дар муҳити хайру илм ба камолот расад, салоҳу тақво ва ахлоқи накӯ ва афъоли марғуб, илму дониш табиати он фарзанд бошад ва саодати ҳар ду ҷаҳон насиби ӯ гардад.

Табиатан, фарзанд тарбияи падару модарро қабул менамояд, чунонки Расули акрам (с) мефармоянд:

Ҳар фарзанд, ки таваллуд шавад, дар асли офаришин бар имони сириштӣ таваллуд шавад. Сипас, падару модар ё ӯро яҳудӣ ва ё насронӣ ва ё маҷусӣ гардонанд.

Аммо, агар падару модар аҳли хайру салоҳ набошанд ва ба тарбияи фарзанд ҷиддан машғул нашаванд, ниҳоли боғи умеди волидайн ба ҷуз лаънат самаре наоварад ва ҷаҳлу ғурур, ахлоқи нописандидаву афъоли ношоиста шеваи муқаррарии он фарзанд шавад ва хору бадбахт дар ҳар ду ҷаҳон гардад ва падару модар ва устод дар гуноҳи ӯ шарик ва рӯзи қиёмат ба азоби алим гирифтор оянд. Падару модар бояд ба фарзандон мушфиқу ғамхор бошанд. Оишаи Сиддиқа нақл менамояд, ки ҷамоае аз бодиянишон ба сӯҳбати Пайғамбар (с) даррасида пурсиданд:

Шумо фарзандони худро мебӯсед? (Шояд, пас аз мушоҳида пурсида бошанд.) Расули акрам (с) фармуданд: Оре! Гуфтанд: Валекин мо онҳоро набӯсидаем. Фармуд: Чун аз дили шумо Худованд раҳматро кашида бошад, ман натавонам ҷояш намоям.

Зӯроварӣ нисбати зан ва кӯдак танҳо аз шаллоқ задан ва таҳқир кардан иборат набуда, якчанд шаклҳои дигарро низ дар бар мегирад:

  1. Хушунат ва сӯиистифода
  2. Таҷовузи ҷисмонӣ ва ҷинсӣ
  3. Истисмори иқтисодӣ
  4. Бепарвоӣ ва саҳлангорӣ
  5. Рӯй турш кардан ва пайваста сарзаниш кардан
  6. Истифодаи алфози носазо, пасту таҳқиркунанда ҳангоми хитоб ба кӯдак
  7. Диққат надодан ба суханони кӯдак ва камарзиш шумурдани фикру андешаи ӯ
  8. Маҳрум кардани кӯдак аз иртибот бо дигарон – амале, ки бахусус кӯдакони маъюб дар маърази он қарор дода мешаванд

Дар робита ба ин масъала Ректори Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср Шайх Муҳаммад Саид Тантовӣ чунин мефармоянд: Таҷовузи равонӣ ва отифии кӯдакон нақзи ҷиддии ҳуқуқҳое мебошад, ки ислом барои кӯдак муқаррар намудааст. Падару модарон ва онҳое, ки бо кӯдакон сару кор доранд, барои бо меҳрубонӣ, муҳаббат ва раҳму шафқат фаро гирифтани онҳо, дур кардани онҳо аз дағалӣ ё сарзаниши каломӣ ва ҷисмонӣ, масъул мебошанд. Паёмбар (с), ки барои мо олитарин намунаи ибрат аст, дар робита ба муомила бо кӯдакон мефармоянд: “Аз мо нест касе, ки ба кӯдакон раҳму шафқат зоҳир накунад.”[1] Ин ҳадис ба ҳамаи онҳое, ки алоқаманданд, нигаронида шудааст ва ба падару модарон маҳдуд намешавад. Паёмбар (с) дар муомила бо кӯдакон муҳаббат ва раҳму шафқат зиёд зоҳир менамуданд.

Одоб омӯзондани кӯдак бояд бидуни истифода аз хушунат ё лафзи қабеҳ сурат гирад, вале кӯдакон бояд бо шараф ва боварӣ ба худ тарбия ёбанд. Маҳз дар ҳимин партав мо ҳадиси Паёмбарро (с.а.с) мефаҳмем, ки фармуданд: “Худо раҳмат кунад он падару модарро, ки дар фарзанди худ рафтору муносибати некро нисбат ба волидайн тарбия менамояд.[2] Ба ибораи дигар, падару модаре зери сояи раҳмат қарор мегиранд, ки фарзанди худро дар натиҷаи сӯйистифода ва бепарвоӣ нисбат ба ӯҳдадории худ дар баробари кӯдак ба сӯи ношукриву носипосӣ ва бемеҳрӣ намебаранд.

Бо назардошти ҷоиз набудани зараррасонӣ, ҳеҷ падару модар (ё муаллим ё корманд) ҳуқуқ надорад, ки кӯдакро шаллоқ занад; ин боиси зарари равонӣ ва ҷисмонӣ мегардад. Шариати ислом ҳам зарари равонӣ ва ҳам ҷисмониро манъ кардааст. Дар рафтор бо кӯдакон, шариат моро водор мекунад, ки мо онҳоро дар оғӯш гирем ва нисбати онҳо меҳру муҳаббат зоҳир намоем. Мо бояд рушди табиии кӯдак ва он чизҳоеро, ки ҳар як марҳалаи ташаккули он тақозо менамояд, ҳамвора бо эҳтиёҷоти мухталифе, ки фаҳмиш ва огоҳии моро ногузир месозад, ба инобат гирем. Интизор меравад, ки мо ба шахсияти кӯдак эҳтиром гузорем ва хирадмандона боварӣ ба худ, қобилияти ба ҳаёт ворид шудан ва бо мушкилоти он рӯбарӯ шуданро дар ӯ тақвият диҳем. Паёмбар (с) фармуданд: “Бо кӯдак ҳафт сол бозӣ кунед; ҳафт соли дигар ӯро ҳамроҳӣ кунед; баъд ӯро ба ҳоли худ раҳо кунед, то ки зиндагии худро пеш барад.”

Намунаҳои хуб, подош ва ҷазо ҳама пояи асосии тарбияи солим маҳсуб меёбанд. Падару модарон, муаллимон ва ҳамаи онҳое, ки бо кӯдакон дар марҳалаҳои мухталифи тарбия ва ташаккул кор мекунанд, барои кӯдакон намунаи ибрат ва пайравӣ маҳсуб меёбанд. Паёмбар ба онҳо хитоб намуда, мефармоянд: “Ба касе, ки дар ислом роҳи хуберо оғоз мекунад ва баъд аз он дигарон аз он роҳ пайравӣ мекунанд, савобе мисли савоби тамоми онҳое, ки  аз ин роҳ пайравӣ мекунанд, навишта мешавад ва подоши ҳеҷ кадоме аз онҳо заррае кам намешавад. Ба касе, ки дар ислом роҳи бадеро оғоз мекунад, ӯ бори гарони ин гуноҳ ва гуноҳи онҳое, ки аз ин роҳ пайравӣ мекунанд бидуни заррае кам кардани ин бори масъулият ба дӯш мегирад.”[3]

Дар хонадоне, ки хушунат ва зӯроварӣ ҳамчун «қоидаи зиндагӣ» қабул гаштааст, кӯдакон бештар зарар мебинанд. Зеро аз як тараф шоҳиди зарбу лати модар аз ҷониби падар ва аз тарафи дигар «қурбон»-и аламгирии модар мегарданд.

Фарзанде ки дар чунин муҳит ба воя мерасад, аввалан маъюс ва рӯҳафтода гашта, дар оянда як шахси беҷуръат ва тарсу мегардад. Сониян, чун ба воя бирасад дар ҳаёти оилавии худ аз ҳамон принсипҳое истифода менамояд, ки худ дар хурдӣ мушоҳида менамуд, яъне зӯроварии хонаводагӣ барои ӯ низ «қоидаи зиндагӣ», яъне як амали муқаррарӣ маҳсуб меёбад.

Имрӯз дар ҷомеаи мо чунин қабул шудааст, ки задани кӯдак як шакли тарбия аст.

Бояд дар хотир дошт, ки аз ҳама гуна ҷазои ҷисмонӣ ҳамчун воситаи одобомӯзии кӯдакон бояд дурӣ ҷуст. Падару модари кӯдак, муаллим ё корманд ҳеҷ гоҳ набояд ба он рӯ оранд. Усулҳои зиёди дигари омӯзонидани одоб даст кашидан аз додани ҳадяҳо, машварат додан ва насиҳат кардан, муваққатин инзиво кардан, ё шартан маҳрум кардан аз фароғат ва вақт барои бозиро дар бар мегиранд. Ин ва дигар усулҳо, ки кӯдак онҳоро ҳамчун як шакли одобомӯзӣ ё ҷазо мепиндорад, дар муқоиса бо ҷазои ҷисмонӣ барои расонидани матлаб ба кӯдак, ба монанди таъкиди анҷоми амале ё дурӣ ҷустан аз он, самараи бештар доранд. Таҳқиқотҳои муосир алайҳи оқибатҳо ва таъсири манфии шаллоқзанӣ ҳамчун усули тарбиявӣ ҳушдор медиҳад, чунки он метавонад хоҳиши бо хушунат ва зӯроварӣ вокуниш нишон доданро ба миён орад. Таҳқиқотҳо ба он далолат мекунанд, ки бештари калонсолоне, ки дар таълими одоб ба кӯдакон ё муносибат бо онҳое, ки аз худашон заифтаранд, ба хушунату зӯроварӣ рӯ меоранд, умуман дар кӯдакӣ худашон қурбонии хушунат будаанд.

Зӯроварии хонаводагӣ ба маънии томаш падидаи печида, ки зулми ҷисмонӣ, таҷовузи ҷинсӣ, озори каломӣ, зулми равонӣ, маҳрумияти отифӣ, беэътиноӣ ба эҳтиёҷоти моддӣ ва маънавии занон ва кӯдакон, вогузории кӯдакон бидуни диққат ба шахсе, ки бояд онҳоро нигоҳубин намояд, ё супоридани онҳо ба шахс ё муассисаи маълумро дар бар мегирад. Дар доираи васеи худ, хушунат метавонад дар хона ё мактаб, дар кӯча, кор ё муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ сурат гирад.

Сустӣ дар муқобилият бо хушунати оилавӣ ва иҷтимоӣ алайҳи кӯдакон ва бепарвоӣ нисбат ба ӯҳдадорӣ оиди муҳофизати онҳо аз чунин хушунат метавонад боиси оқибатҳои нохуш гардад. Бояд ба ду нукта диққат дод:

Аввалан, меъёрҳои ҳукмфармои ҷомеа метавонанд ба ин чашм пӯшанд, ё ҳадди аққал чизи нодурустеро дар ҳама ё баъзе одатҳои хушунатомез, ки пайдарпай ва зуд-зуд рух медиҳанд, пайдо накунанд. Вақте ки чунин ҳодиса рух медиҳад, зан ё кӯдаки қурбонии хушунат наметавонанд дар бораи хушунат нисбат ба худ хабар диҳад. Сабаби он бовариест, ки ҳеҷ кас ба онҳо хоҳиши кӯмак кардан надорад, чунки ҳар он чӣ рух медиҳад, метавонад ҳамчун як падидаи қобили қабул пиндошта шавад.

Баъдан, таъсири манфии ин одатҳо, бо ғайр аз мавридҳое, ки мустақиман боиси худкушии занон, марги кӯдак ё расонидани осеби ҷиддӣ ба онҳо мегарданд, метавонад ноаён ё ғайри қобили эҳсос бошад ва пай бурдани он метавонад мушкил бошад. Чунин таъсирҳо, ба ҷуз дар муддати тӯлонӣ, метавонанд зоҳир нашаванд. Зарари равонӣ метавонад бо ноумедӣ, набудани боварӣ ба худ, хониши начандон хуб дар мактаб, инзиво ва набудани шавқ ба иштирок дар ҳеҷ гуна машғулият, чӣ дар оила, чӣ дар мактаб ё чӣ дар ҷомеа шиддат гирад. Кӯдаконе, ки мавриди чунин хушунат қарор мегиранд, имкон дорад ба одатҳои бад майлу рағбат пайдо намоянд, аз хона гурезанд ё ҳатто қасди худкушӣ кунанд.

الْمَالُ وَالْبَنُونَ زِينَةُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَالْبَاقِيَاتُ الصَّالِحَاتُ خَيْرٌ عِنْدَ رَبِّكَ ثَوَابًا وَخَيْرٌ أَمَلاً

«Молу фарзандон ороиши зиндагонии дунё аст ва некиҳои пояндаи шоиста назди Парвардигори ту аз рӯи савоб беҳтаранд ва аз рӯи умед доштан хубтаранд». (Сураи Каҳф,ояти  46).

Паёмбари акрам (с) низ дар мавриди муҳаббати кӯдакон ҳадисҳои зиёде фармудаанд. Аз ҷумла, он ҷаноб мефармоянд:

 «Фарзанд ҳафт сол сарвар, ҳафт сол фармонбардор ва ҳафт сол вазир аст» («Макорим ул ахлоқ» -и Табарсӣ, саҳ.222).

Расули Худо(с) фармудаанд: «Бозии зиёди давраи кӯдакӣ сабаби афзоиши ақл дар калонсолӣ » («Канз-ул- уммол», ҳадиси 3047).

«Фарзандони худро гиромӣ доред ва тарбияи хуб кунед, то гуноҳони шумо омурзида шаванд» («Сунан»-и Ибни Моҷа, ҷ.2 саҳ.1211).

 «Адолатро байни фарзандонатон риоя кунед, ҳамон гуна, ки шумо низ дӯст доред дар некӣ ва лутф ба худатон адолатро риоя кунанд» («Ҷомеъ- ус- сағир»- и Суютӣ, саҳ. 74).

«Хонаи бе кӯдак бебаракат аст»(«Канзу-л-уммол», ҷ.16, ҳадиси 44425).

 «Ҳамоно ҳар дарахте мевае дорад ва меваи қалби инсон бошад фарзанд аст» («Файз- ул- қадир»-и Мановӣ, ҷ.2, ҳадиси 2413).

 «Касе фарзанди хурдсол дорад, бояд бо ӯ бозӣ кунад» («Канз- ул- уммол», ҷ.16, саҳ 457).

«Фарзанди шоиста ва хуб гуле аз гулҳои биҳишт аст» (Кофӣ, ҷ.6, ҳадиси 10).

Ҳар яки мо мусулмон ҳастем ва фармудаҳои Худову Расулашро ба ҷону дил қабул дорем. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки нисбати зану фарзанд ғамхору меҳрубон бошем, зеро онҳо дар дасти мо амонатанд. Танҳо шахси фосиқ метавонад ба зану фарзанди худ даст бардорад ё онҳоро носазо гӯяд. Зан баробари мард аст ва гузашта аз ин ба қавли Ҳазрати Умар занон барои мо ғизо тайёр мекунанд, либосҳоямонро мешӯянд, фарзандонамонро шир медиҳанд, ҳол он ки онҳо шаръан ба ин корҳо вазифадор нестанд.

Мутмаин бар онам, ки пас аз мутолиаи ин матлаб масъаларо дар нишасту маҳфилҳо ба самъи дигарон низ мерасонед. Зеро риояи одоб рукни бузургтарини Ислом аст. Мақсад аз намоз адаб аст, мақсад аз рӯза адаб аст, мақсад аз имон адаб аст. Дар ин маврид Мавлавии Румӣ чунин фармудаанд:

Кардам аз ақл суоле, ки бигӯ, имон чист?

Ақл бар гӯши дилам гуфт, ки имон адаб аст.

 

Аҳлиддин Сайвалиев,

 мутахассиси Кумита

 


[1] Имом Тирмизӣ дар Сунани худ, дар Китоб -ал-бирр (Китоби накукорӣ), боби “Дар бораи изҳори раҳму шафқат ба кӯдакон чӣ ривоят шудааст”, 4/322, ҳадиси 1921 аз Ибни Аббос ривоят кардааст. Абўисо мегӯяд, ин ҳадис ҳасан аст.

[2] Мушаххасоти ривоят дар ҳадисҳои қаблӣ, дар фасли якум зикр шудааст.

[3] Муслим дар Саҳеҳи худ, дар Китоб-ул-илм (Китоби илм), боби “Касе, ки роҳи хубе ё роҳи бадеро оғоз мекунад ва ба ҳидоят ва гумроҳӣ даъват мекунад”, 4/2059 аз Ҷарир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят кардааст.