НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

  • Posted on: 6 June 2018
  • By: admin

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об мебошад. Тибқи омори расмӣ, дар қаламрави кишвари мо зиёда аз 60 дарсади захираи обии минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад. Сарфи назар аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бори рисолати ҳамқаринии давлатҳои ҷаҳонро пазируфт ва бо ибтикору пешниҳодҳои созандаи хеш доир ба масъалаҳои об дар арсаи байналмилалӣ маъруф гардид.

22 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 72- юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ширкат варзида, раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» - ро ҳусни оғоз бахшид. Ин ташаббуси нави глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз ҷониби кулли давлатҳои ҷаҳон ва ҷомеаи байналмилалӣ дастгирӣ ёфт.
Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба об, ки аз проблемаҳои глобалии имрӯзу фардои сайёра маҳсуб меёбад, пайваста талош меварзад. Эълон гардидани Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005 – 2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», ҳамчунин, барои бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис додани Консорсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез, Бунёди байналмилалии  ҳифзи пиряхҳо аз ҷумлаи ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. 
Дар доираи ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Сарвари давлат дар мамлакатҳои гуногун, аз ҷумла кишвари мо, конфронсу симпозиумҳои зиёди сатҳи баланди ҷаҳонӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо масъалаҳои муҳими доир ба об мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, дар ин ҳамоишҳои сатҳи баланд Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешоҳанги ҳалли масъалаҳои марбут ба об муаррифӣ шуд. 
Норасоии об ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати дастрасӣ ба оби тозаю санитария мушкилоти доғи сайёра ба ҳисоб меравад. Бино ба маълумоти ниҳодҳои соҳавии Созмони Милали Муттаҳид, то охири даҳсолаи ҷорӣ ҳудуди ду миллиард ва то соли 2030 зиёда аз 40 дарсади аҳолии кураи Замин ба мушкили камбуди об дучор хоҳад гардид. Маҳз бо назардошти ҳамин мушкилоти глобалӣ ва ҳалли масоили дигари алоқаманд бо об давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ бояд доир ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва андешидани тадбирҳо барои дастрасӣ ба оби тоза ҳамкориву шарикии созандаро ба роҳ монанд. Амалигардонии ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувори вобаста ба об, ки дар меҳвари Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола қарор дорад, мусоидат хоҳад намуд.
Маҳмадшариф КАРИМОВ