Андеша

ДУРӮҒ ШОИСТАИ МУЪМИН НЕСТ!

 Хабари «Муфтӣ ё домулло Ҳикматуллоҳ? Баҳси имоматӣ дар намози ҷанозаи эшони Абдуқуддус»-ро хонда ба ҳайрат афтодам, ки чаро мо ҳоло ҳам аз буҳтону дурӯғгӯӣ даст намекашем. Ман худ дар ин ҷаноза аз аввал то охираш ширкат доштам ва бо тамоми масъулият изҳор менамоям, ки хабари дар сомонаи «Akhbor.com» пахшшуда ягон асоси воқеъӣ надоранд, балки як хабари дурӯғу фитнаангез асту бас.  Дар он ҷаноза ғайр аз ман қариб зиёда аз 3 ҳазор ҷанозахон буд, ки ҳақиқати ин хабарро онҳо низ хубтар медонанд.

ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО-ТАНЗИМИ ЗИНДАГИИ МО

Баъди қабули қонуни мазкур бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии мардуми бофарҳанги тоҷик амали хайр, яъне дастгирии оилаҳои камбизоат ва ятимону мӯҳтоҷон аз ҷониби шахсони саховатманд, соҳибкорони ватанӣ ба ҳукми анъана даромад. Бо ин мақсад аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз ва дигар идҳои миллӣ тӯйҳои дастаҷамъонаи хатнасур ва домодию арӯсӣ барои оилаҳои камбизоат ташкил карда мешаванд.

ХИЁНАТИ ШИАМАЗҲАБОНИ ҲНИТ

Агар ба ҳаводиси охири Эрон нигарем, хоҳем дид, ки Худованди бузург нақшаҳои разилонаашонро болои худашон овардааст. Эрониҳо мехостанд бо ҳусиҳо ҳампаймон шуда, ислоҳоти хешро ба роҳ монанд. Нақшаи роҳбарияти ҲНИТ бо нақшаи ихвониҳо хело наздик буда,  аз «баробариву бародарӣ» сарчашма гирифта, маrсадашон расидан ба ҳадафи нопок, яъне ба даст овардани ҳокимият бо роҳи қатлу кушотор мебошад.

ҶАВОНОН НЕРӮИ ТАҚДИРСОЗУ ТАҚДИРСӮЗАНД

Нерӯи насли наврас ва ҷавонон аз он хотир тақдирсоз дониста мешавад, ки дар сурати босамар истифода шудани ин нерӯ он метавонад дар роҳи бароварда сохтани ормонҳои миллӣ мусоидат намояд. Дар акси ҳол, гурӯҳу ҳизбҳои манфиатхоҳ метавонанд аз онҳо барои мамлакат душмани худиро таёр намоянд ва нерӯи тақдирсозро ба нерӯи тақдирсӯз бадал созанд.

Страницы