ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

Мақолаҳо

БУВАД ШАРТИ АБАД ҲАСТИИ ВАҲДАТ

Вожаи ваҳдат барои миллати мо вазну арзиши хос дорад. Ин вожа дар радифи истилоҳоти муқаддасе чун “Истиқлол” ва “Сулҳ” шукуҳу азамат ва хирадмандии миллати моро таҷаллӣ медиҳад. Пойдор намудани Ваҳдати миллӣ омили тавлиди дигарбораи миллат, эҳёи шуур ва ғояи ягонаи миллӣ ва амалишавии ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикон гардид. Дар ваҳдат зистан барои бани башар аз замони …

БУВАД ШАРТИ АБАД ҲАСТИИ ВАҲДАТ Read More »

ҲИКМАТҲОИ ҲАҶ ВА ФАВОИДИ ТАВОФИ ХОНАИ КАЪБА

Дар шариати Ислом ибодат ба се навъ тақсим мешавад: 1. Ибодати баданӣ мисли намозу рўза. 2. Ибодати молӣ, мисли закоту садақаи фитр ва ғайра. 3. Ибодати мураккаб аз ҳар ду, ҳам баданӣ ва ҳам молӣ, мисли ҳаҷ. Фаризаи ҳаҷ яке аз аркони дини мубини Ислом мебошад. Ҳаҷ ба касоне, ки қудрати молӣ ба рафта ба …

ҲИКМАТҲОИ ҲАҶ ВА ФАВОИДИ ТАВОФИ ХОНАИ КАЪБА Read More »

Китоби муҳим дар шинохти салафия

Собиқаи нигоштани таърихи силсилаву мазоҳиби исломӣ ҳадди ақал ба ҳазор сол қабл мерасад. Ин падида танҳо хосси мусулмонон ё ҷаҳони ислом набуда, тақрибан сарнавишти тамоми адёни бузургу кўчак чунин рақам хўрдааст. Аммо камтар пажўҳишеро метавон ном бурд, ки аз ағрози сиёсиюу фирқаӣ холӣ ва бе таассуб нигориш ёфта бошад. Дар масири таърих, агар намояндагони мазҳабҳои …

Китоби муҳим дар шинохти салафия Read More »

ВАҲДАТ НЕЪМАТИ БЕҲТАРИНИ ХУДОВАНДИСТ

Ҳар гоҳ ки аз ваҳдат сухан бигўем, дар муқобили он парокандагиву нифоқ ва парешониву навмедӣ тасаввур мешавад. Бале, он оламе, ки Худованд барои зисти бани башар офаридааст, ҳамеша аз даври Одам  сафиаллоҳ дуқутба буд ва то кунун ҳаст, тақобулҳое, аз қабили сиёҳу сафед, рўшаниву торикӣ, некиву зиштӣ, хубиву бадӣ, росту дурўғ, фиребу дурустӣ, баракату бебаракатӣ, …

ВАҲДАТ НЕЪМАТИ БЕҲТАРИНИ ХУДОВАНДИСТ Read More »

Тарбияи фарзанд – вазифаи масъулиятноки падару модар

“Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад нишинад, …

Тарбияи фарзанд – вазифаи масъулиятноки падару модар Read More »

ХИСЛАТҲОИ НОМАТЛУБ – ДОҒИ ҶОМЕА

Одамият агар ки беадаб аст, одам нест, Фарқ дар байни бани одаму ҳайвон адаб аст. Оре, инсон бузургтарин насли бошуурест, ки маҳз тавассути ақлу хирад, илму маданият, фарҳангу адаби худ аз дигар офаридаҳои Офаридгори бузург тафовут дорад. Инсон – фардиятест, ки дорои ақлу заковати бузург буда, мебинад, мешунавад, дарк мекунад ва ҳамаи дидаву шунидаҳояшро бо …

ХИСЛАТҲОИ НОМАТЛУБ – ДОҒИ ҶОМЕА Read More »

МАКТАБИ СИЁСИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МАКТАБИ САДОҚАТ БА МИЛЛАТ АСТ

Дар ҳақиқат, қавми ориёӣ се ҳазор сол қабл дорои анъанаҳои давлатсозию давлатдорӣ буд ва метавон аз давлатҳои зиёди хурду калон, ки дар қаламрави тамаддуни ориёӣ вуҷуд доштанд, ёдовар шуд. Масалан, яке аз аввалин давлати умумиориёии Ҳахоманишиён, ки дар сарчашмаи давлатдории он Куруши Кабир меистод, империяи бузурге буд, ки тамоми қавмҳои ориёиро ба ҳам оварда, аз …

МАКТАБИ СИЁСИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МАКТАБИ САДОҚАТ БА МИЛЛАТ АСТ Read More »

ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН: ДАР МАСИРИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ

Муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун давлатҳои дӯст ва ҳамсояҳои наздик аҳамияти калони иқтисодиву сиёсӣ дорад. Дар доираи ҳамин муносибатҳои дӯстонаву ҳамсоягии нек ду давлат ҳамкории густурдаи иқтисодию тиҷоратӣ дошта,барои ҳамдигар шарикони боэътимоди стратегӣ ба ҳисоб мераванд. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар ҳоли густариш қарор дошта, меҳвари …

ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН: ДАР МАСИРИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ Read More »

РИЗОИ ХУДО ДАР РИЗОИ ВОЛИДАЙН АСТ

Мақому ҷойгоҳи волидайн дар дини мубини Ислом басо бузург аст, зеро баъди саҷда овардан ба Худованди бузург ва итоати Расули акрам (с), аз ҷумлаи корномаҳое, ки нисбат ба дигар корномаҳо афзалтаранд, эҳтироми волидайн мебошад. Худованд ҳурмату таъзими падару модарро бар дўши бандагонаш баъд аз тоату ибодати худ қарор додааст. Ҳар қадар, ки фарзанд барои падару …

РИЗОИ ХУДО ДАР РИЗОИ ВОЛИДАЙН АСТ Read More »

“САЛАФИЯ” – ТАҲДИДИ МУСТАҚИМ БА ҶОМЕА

“Ба дурустӣ, ту аз касоне, ки дини худро пароканда карданд ва гурӯҳ-гурӯҳ шуданд, безорӣ; ҷуз ин нест, ки кори онҳо ба Худо вогузор шудааст, сипас онҳоро аз он чи мекарданд, хабар медиҳад” (сураи Анъом, ояти 159). Қуръони азимушшаън 1400 сол пеш моро огоҳ кардааст, ки дини комилро пароканда насозем, аз ин дин ба манфиатҳои хусусӣ …

“САЛАФИЯ” – ТАҲДИДИ МУСТАҚИМ БА ҶОМЕА Read More »

Scroll to Top